Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018

111

ХУҶАНД. Рузи гузашта дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд. Аз рӯи масъалаи якуми кори рӯзнома ҳозирин ҳисоботи раиси кумиҷроияро вобаста ба фаъолияти шашмоҳаи кори кумиҷроия шуниданд. Маликисломӣ Наим Мунаввар асосан дар бораи ҳаракати аъзоён, пардохти аъзоҳаққӣ, масъулият дар самти низоми ҳуҷҷатгузорӣ, дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани маъракаи обунашавӣ ва дигар масоили марбут ба фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд. Оид ба натиҷаҳои рафти обунашавӣ барои соли 2019 муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева баромад намуд. Дар идомаи кори ҷаласа раиси кумиҷроия аз муҳимияти қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ сухан ронда нақши васоити ахбори омма, хосса нашрияҳои ҳизбиро дар баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии сокинон нек арзёбӣ намуд. Ҷаласа бо тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм, тасдиқи як қатор қарорҳои кумиҷроия ба кори худ хотима бахшид ва дар вазъияти тантанавӣ фаъолон бо медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.  Дар охир аз ҷониби аъзоёни кумиҷроия муроҷиатнома нисбат ба амали ноҷавонмардонаи нохалафон дар куштори сайёҳони хориҷӣ қабул карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>