Онҳоро бояд яксара нобуд кард!

Ruchka

АНДЕША. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба қатл расонидани сайёҳони хориҷӣ дар ҷануби кишвар боиси таассуф аст. Дар ин кор, ки гурӯҳи террористии давлати исломӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт, аммо дар содир шудани ин ҷиноят ҳукумати расмӣ  Ҳизби наҳзати исломиро гунаҳкор медонад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳама шароитҳоро барои баргардонидани ҷавонон аз давлатҳои хориҷи кишвар пайваста чораҷӯйӣ  дорад. Пешвои муаззами миллат имкон додаанд, то фарзандони  Тоҷикистон ба Ватани худ баргарданд ва зиндагии осоиштаи хешро идома диҳанд. Даст ба ҷиноят задани гурӯҳи ҷиноятпеша магар носипосӣ аз ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нес? Ин наҳзатиён чи мехоҳанд? Ҳокимият ? Агар ҳокимиятро соҳиб шаванд, вой бар ҳоли мардуми тоҷик! Мабод чунин рӯз, ки Тоҷикистон Афғонистон хоҳад шуд. Аслан ғамхориҳои падаронаи Пешвои дурандеши мо, ки манфиати роҳгумзадагон, ба хотири ободии Тоҷикистон аст, барои чунин инсонҳое, ки аз кӯчаи инсоният фарсахҳо дур аст, ба қавле убол аст. Месазад онҳоро яксара нобуд кард. Зеро Саъдии бузургвор фармудааст:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.

 

                                                      Эҷоди Мубориз

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>