Рӯзи ягонаи ахбор баргузор гардид

ҶАББОР РАСУЛОВ. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гурӯҳи тарғиботӣ ва ташвиқотӣ тибқи нақшаи кории кумита вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар 1-уми августи соли ҷорӣ дар  Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав рӯзи ягонаи ахбор таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» доир намуд. Мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ – Рустамзода Қумринисо, мудири шуъбаи омори КИН ҲХДТ – Отабоев Пӯлодҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ – Набиев Шерзод оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, дар бораи падидаҳои номатлуби ҷомеа ва ҳодисаи нохуш, садамаи нақлиётии рӯзи 29-уми июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати 4 нафар сайёҳони хориҷӣ шуда буд, баромад намуда, зикр карданд, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун раҳнамо мебошад. Аз ин рӯ мо бояд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат кӯшиш намоем то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар намоем. Инчуни мудири кӯдакистони №7 ба номи «Ситора» — Абдураҳмонова Малоҳат низ дар назди ҷамъомадагон дар атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбия намудани кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ободу шукуфон кардани диёр, зинда гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, суханронӣ намуд. Дар охир масъулини КИН ҲХДТ ҷамъомадагонро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>