Носипосон ба ҷое намерасанд

ҶАББОР РАСУЛОВ. Санаи 1-уми августи соли ҷорӣ дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки раиси КИН ҲХДТ – Одилзода Рустам, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод, Сабуров Муродҷон, намоянда аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов – Ҷӯраев Руслан вохӯрӣ таҳти унвони «Носипосон ба ҷое намерасанд» баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҳодисаи нангине, ки санаи 29-уми июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расидаанд, баррасӣ гардид. Оиди масъалаи мазкур раиси КИН ҲХДТ – Одилзода Рустам, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Нуралӣ Нурзод ва Сабуров Муродҷон баромад карданд. Баромадкунандагон ҳодисаи нанговарро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон амали ноҷавонмардона ҳисобида ёдовар шуданд, ки аз ҷониби бадхоҳону душманони миллату давлати мо тарҳрезӣ шудаву сабаби ҳалокати 4 нафар сайёҳ ва захмӣ шудани 3 тани дигар гардид, на танҳо хилофи анъанаю меҳмоннавозии тоҷикон аст, ки ҳамчунин муқобили амали инсонист. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми меҳмоннавози тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сӯйи меҳмон теғ накашидааст ва нахоҳад кашид. Тоҷикон аз қадим мардуми хушахлоқу меҳмоннавоз, хирадманду адолатпарвар буданд ва ҳоло ҳам ҳаминхел боқӣ мемонад. Ин ҳодисаи нохуш ба мардуми соҳибтамаддун ва меҳмоннавози мардуми тоҷик ҳеҷ алоқаманде надорад ва наметавонад иртиботе ба фарҳангу анъанаҳои неки халқи мо дошта бошад. Ин ҷинояти нобахшиданӣ бори дигар шаҳодати дурустии суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Террорист дин, миллат ва давлат надорад». Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз номи фаъолони ҳизб ва иштироккунандагони вохӯрии мазкур ба хешованду дӯстони қурбониёни ин амали нангин изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуда, иброз медорад, ки ин амали номардона наметавонад шарҳдиҳандаи мавқеи сокинони шарафманди Тоҷикистон ба нисбати сайёҳон бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>