Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоат

ҶАББОР РАСУЛОВ. Санаи 31-уми июли соли равон дар Ҷамоати деҳоти Сомониён бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов – Одилзода Рустам, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов – Раҳматуллоев Садриддин ва фаъолони Ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҳодисаи нохуш, садамаи нақлиётии рӯзи 29-уми июл дар Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ шуд, баррасӣ гардид. Оиди ин масъала раиси КИН ҲХДТ – Одилзода Рустам, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов – Раҳматуллоев Садриддин, раиси Ҷамоати деҳоти Сомониён – Узоқов Абдушукур баромад карданд. Дар мулоқоти мазкур андешаҳои ватанпарастӣ, муқаддас нигоҳ доштани истиқлолу озодӣ, мубориза алайҳи экстремизму терроризм, ҳаракатҳои тундгаро ва муқовимат нисбати онҳо ба миён оварда шуд. Бояд қайд кардан лозим аст, ки ҳодисаи ба вуҷуд омада моро бори дигар ҳушдор месозад, ки пеши роҳи ниятҳои нопок ва хоинонаи онро гирифт, нагузошт, ки бадхоҳон орому осудагӣ ва зиндагии рӯ ба нишоти мардумро бори дигар халалдор созанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>