Мулоқотҳои раиси Кумитаи иҷроия бо аҳолӣ дар Ҷамоатҳои деҳот

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади ба амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо аҳолии Ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва Чинори шаҳри Панҷакент мулоқот доир намуд.  Раиси ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент М. Шукурзода  мулоқотро оғоз бахшида, оид ба аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва роҳҳои рушди босуботи Тоҷикистон суханронии мудири шуъбаи тарғибот ва иттиллот Лутфуллоев Бурсӣ шунида шуд. Раиси кумитаи иҷроия М Шукурзода зикр намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда шудааст. Истиқлолият яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин рӯ баҳри гиромидошти муқаддасоти ин сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукӯҳи он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 таҳти №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расида тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ  дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос бояд таҷлил гардад.  Дар мулоқотҳо  духтури вогиршиносии Маркази пешгирии бемории ВИЧ\СПИД (ВНМО) дар шаҳри Панҷакент Школа Абдулқосим қайд кард, ки айни ҳол дар шаҳри Панҷакент шумораи ба ин беморӣ гирифторшудагон нигаронкунанда мебошад. Аз ин рӯ мо падарону модаронро мебояд, ба рафтору ахлоқи фарзандон аҳамият диҳем. Дар мулоқот оид ба роҳҳои гузариши ин беморӣ сухан рафт. Аз ин рӯ хоҳиш менамоем,  фарзандонро, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ меоянд, ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронем. Дар маҷлис  Тошева Парвина -муовини раис- мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оиди пешгирии зӯроварӣ дар оилаҳои ҷавон, ба худкушӣ даст задани занону ҷавондухтарон, бекоршавии барзиёди ақди никоҳ дар байни оилаҳои ҷавон, ру овардани занону духтарон ба фарҳанги бегона аз ҷумла, сатру ҳиҷоб суҳбат намуд. Дар охир раисони Ҷамоатҳои деҳоти Чинор  Эсаниён А. ва Саразм Сатторов Б. барои ташкили чунин мулоқоти судманд ба кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент изҳори сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>