Дар зери никоби дини ислом

SKU223644(1)

АНДЕША. Дар ҷаҳони муосир падидаи номатлуби экстремизм ва тероризм ба рушди инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Кӯшишҳои сиёсисозии дин дар бозиҳои геополитикӣ барои абарқудратҳо ҳамчун меъёр қарор гирифта, дар заминаи он гуруҳҳои манфиатхоҳ низоъ ва даргириҳоро дар манотиқҳои мухталиф роҳандозӣ мекунанд. Аз он ҷумла дар бораи ҳизби мамнӯи ҲНИ, ки солиёни зиёд дар Тоҷикистон фаъолият дошту зери никоби дини мубини Ислом бисёр бешарафиҳо содир намудааст. Аз расонаҳои ахбори умум дар бораи ин ҳизби ифротгаро аз баъзе ҳодисаҳо огоҳӣ ёфта, шукрона мекунам, ки Худованд бори дигар дасти раҳматашро бар сари миллати тоҷик гузошту мақсадҳои нопоки ин ҳизбу роҳбари он ва аъзоёнашро ошкор намуд. Вагарна кӣ медонист ба сари миллати азияткаши мо боз чӣ гуна рӯзҳои мудҳишро меовард?! Аз расонаҳои ахбори омма бархурдор мешавем, ки давоми солҳои 2010 – 2015 аз ҷониби аъзои ҲНИ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусин вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстемистӣ ва терористӣ дошта, аз ҷумлаи барангехтани кинаҳо, адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои роҳи зӯроварӣ тағир додани сохти конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ҲНИ дар изҳороташ аз адолату озодӣ, сулҳу дӯстӣ, футуввату ҷавонмардӣ ва самимияту муҳаббат ҳарфе намезанад, вале ҳамаро ба зулму ситам, бадбахтиву ҷаҳолат, истисмору истибдод рабт медиҳад. Аз амалу рафтори масъулияти масъулини ҲНИ мушоҳида кардан мумкин аст, ки аъзоён ва пайравона он барои бад кардани давлату миллати тоҷик баҳонаҳо меҷӯянд, андешаҳои ғаразнокашонро дар расонаҳо матраҳ сохта, мардумро зидди ҳукумати конститутсионӣ мешӯронанд. Ин ҷо ба маврид аст, гӯем, ки агар мушрикони замони пеш аз гили беҷон бут месохтанд, мушрикони назҳат аз инсонҳое, ки ҷон доранду ақли солим надоранд. Аз берун истода ҳукумату давлатро сиёҳ  мекунанд. Фикр намекунанд, ки Ватанро дар дохил истода бояд обод кунанд, агар ватандӯст бошанд. Ба халқу миллати худ душман шудан ин беҳурматӣ нисбати дину оин ва Худованди Карим аст, зеро беҳуда нагуфтаанд, ки “Душмани халқ ҳам душмани Худост”. Аз гумроҳии баъзе ҷавонҳову занҳо дар чорсӯи зиндагӣ роҳгумзада истифода бурда чандин нафаронро ба “ҷиҳод”-и бемаъно даъват карда ба ояндаи дурахшони онҳо хати бутлон кашиданд. Ҳол он ки паёмбар (с) фармудаанд: “Муҷоҳит он аст, ки дар роҳи Худо бо нафси худ ҷиҳот ва мубориза кунад”. То ҳол ҲНИ коре накардааст, ки ба манфиати давлату миллати тоҷик ба анҷом расида бошад. Вале новобаста аз вазъияти кишвар ва вақту замон ҳар гуна сару садову овозаҳои беасос нисбат ба сарзамин ба обу хоки Тоҷикистон аз ҷониби “ҲНИ” садо медиҳад, боиси таассуф аст.  Лек банда ба он назарам, ки рӯзе мерасаду ана ҳамин назҳатиён ва дигар душманони миллат ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз ҳукумату ҳалқу Ватан бахшиш пурсида боз дарвозаи Ватанро кӯфта сар ба остонааш мениҳанд, зеро вақт исбот, ки ба онҳо монанд буданд шахсиятҳое, ки берун аз Ватан истода, Ватан ва ҳукуматро сиёҳ карда буданду имрӯз бошад, ангушти надомат газида аз гуфтаю кардаҳои худ пушаймон шуда, азми ба Ватан бозгаштанро доранд. Албатта вақт довари ҳақиқӣ аст, инро вақт собит хоҳад кард.

Додарой Самеова,

устоди калони ДОТ

дар шари Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>