Ҷавононро аз вартаи оташ начот дихем

02072018

АНДЕША. Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеа ин, ба равияҳои экстремистии динӣ шомил шудани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад. Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ёгурӯҳи одамон,барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешаванд.  Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталиф андва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд. Дар тамоми Паёмҳои Пешвои Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, баҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст. Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкумкарда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳшуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард. Дар Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад. Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содиршудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёдкардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиётии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст. Ҷавонони имрӯза бояд ин гуна чорабиниҳоро шоҳид гашта ба илму ҳунаромӯзи диққати ҷиддӣ диҳанд. Вақти қимматбаҳои худро ба ҳар гуна корҳои беҳуда нагузаронанд. Чун ояндаи ҷамъияти солим маҳз ҷавонони солимфикр ва донишманд мебошанд. Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбини ва шуур ягон афрод наметавонад Шумо ҷавононро ба ҳар гуна доми фиреб кашад, ё бо суханони сафсатаву бофидаи худ ба ягон гуруҳи ҷиноӣ ва ё террористӣ шомил созад. Барои Шумо барои омӯхтани илмҳои замонавӣ ва таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳар яке Шумо имрӯз новобаста аз макони зист ва табақа метавонед ба илмомӯзи фарогир бошед.

                                                               З. Максудов декани факултети                        

                                                               филологияи ДОТ ш. Панчакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>