Соати сиёсӣ: “Терроризм ва ифротгароӣ хатари ҷомеа аст!”

АШТ. Рӯзи гузашта мувофиқи нақшаи  шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар ташкилоти ибтидоии МДНСЭ ноҳия бо иштироки кормандони он дарси сиёсӣ оиди мавзӯи “Терроризм ва ифротгароӣ хатари ҷомеа аст!” баргузор гардид. Дарси сиёсиро раиси ташкилоти ибтидоии МДНСЭ ноҳия Мирзоев М. оғоз намуда, мақсади баргузории онро баён намуд.  Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Рузиматов Д. зимни баромади хеш зикр намуд, ки падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризми  байналмиллалӣ, шомилшавии махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ дошта ҳамчун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб аҳли ҷамоатчигиро зарур аст, ки аз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда истифода бурда нагузорем, ки наврасону ҷавонони мо фирефтаи баъзе гурӯҳҳову ақидаҳои носолим гардида бошанд. Баъдан дар доираи ин мавзӯъ сӯҳбати кушод ороста гардид, ки ҳамагон фикру ақидаи хешро нисбати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусиятҳои террористию экстремистӣдошта баён карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>