АКСИЯ: “Об манбаи ҳаёт!”

АШТ. Рӯзи гузашта тибқи нақшаи шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо иштироки ҷавонони фаъоли  ноҳия аксияи умуминоҳиявии “Об манбаи ҳаёт!” бо мақсади тарғиби расман оғоз гардидани даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор гардид, ки он дар кӯчаву маҳаллаҳо, бозори шаҳраки Шайдон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 150 варақаҳои таблиғотии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба шаҳравандон тақсим карда шуд. Зимни баргузории аксияи мазкур ҳадафи гузаронидани ин чорабинӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба мардум фаҳмонида дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки эълон гардидани Даҳсолаи банйалмилалӣ ин боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хохад шуд. Бояд тазаккур дод, ки аксияи мазкур тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро фаро хоҳад гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>