Пешсафони маърака

АШТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт санаи 1-уми августи соли 2018 аз ӯҳдаи иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии Минбари халқ ва Сухани халқ пеш аз мӯҳлат ва босифат баромад. Натиҷаи гузаронидани корҳои тарғиботӣ дар ин самт буд, ки ҳизбиёни ноҳия ба 1350 нусха Минбари халқ ва 1050 адад Сухани халқ барои соли 2019 обуна гардида, иҷрои дастуру вазифагузории Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва роҳбарияти вилоятии ҳизбро дар ин ҷода дар мадди аввал гузошта, дар муддати кӯтоҳ онро ба анҷом расонид. Корбарии аҳлонаи кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, дастгирии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб аст, ки солҳои охир дар миқёси ҷумҳурӣ ноҳия аз аввалинҳо шуда маъракаи обунаро иҷро менамояд.    Фаъолияти раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Мадаминова М., ташкилотҳои ибтидоии хоҷагии давлатии Т.Эрйигитов, ИДБЗОА, шуъбаи маорифи ноҳия, ҶДММ “Рахшона”, агентии хоҷагии ҷангали 1, КИХҶ Иттифоқ, муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, беморхонаи марказӣ, КАТС, бахши фарҳанги ноҳия, МИҲД ноҳия, ҷамоатҳои Ориён, Пунук, Ашт, Ифтихор дар бобати иҷроиши саривақтӣ ва шумораи барзиёд боиси зикр аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>