“Аёдати сарбоз” сарбозону волидонро шод кард

38064127_509770662811206_4049291477291892736_n

МАСТЧОҲ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ соли сеюм аст, ки бо дастгирии раиси ноҳия Ғайрат Азиззода, комиссариати ҳарбии ноҳия ва дар ҳамбастагӣ бо Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ иқдоми “Аёдати сарбоз”-ро баргузор менамояд. Дар доираи иқдоми мазкур ҳар сол як гуруҳ падару модарони сарбозоне, ки дар пойтахти мамлакат ва навоҳии тобеи марказ қарзи шаҳрвандии худ – хизмати аскариро адо менамоянд, ба дидорбинии фарзандони хеш рафта, ба шароити қисмҳои ҳарбӣ шинос мешаванд.  Имсол низ аз 29 то 31 июли соли ҷорӣ дар доираи ин иқдом беш аз 20 нафар сокинони ноҳия тавонистанд ба дидорбинии фарзандони худ раванд. Фарқияти иқдоми имсола аз солҳои гузашта дар он буд, ки имсол волидони сарбозоне, ки дар шаҳру навоҳии Норак, Роғун ва Ҳамадонӣ хизмат мекунанд низ тавассути “Аёдати сарбоз” ба дидори фарзандони худ мушарраф шуданд. Гуруҳи волидонро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, хабарнигорон ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ карданд. Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии дар нақша буда38085187_509770432811229_4137411188159938560_n меҳмонони Мастчоҳро бо эҳтиром ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.  Зимни дидорбинӣ бо фарзандони худ волидайни сарбозон аз ошхона, хобгоҳ, ҳаммом, китобхона, майдончаҳои варзишӣ ва синфхонаҳои таълимию касбомӯзии қисмҳои ҳарбӣ низ дидан намуданд. Масъулини қисмҳои ҳарбӣ ба падарону модарони сарбозон оид ба шароити имрӯзаи хизмати аскарӣ, ҳолати ҷисмию равонии фарзандонашон маълумот дода, ба саволҳои гуногуни онҳо посухҳои қонеъкунанда доданд. Сарбозон низ бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ, амну суботи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки ҳамеша ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд ва барои ҳифзи ин марзу бум ва осудагии халқу ватан ҳатто ҷони худро низ дареғ намедоранд. Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо сарбозони мастчоҳӣ мулоқот карда, оид ба пешрафту ободиҳои мамлакат, дастовардҳои замони Истиқлол, иттиҳоду ҳамдилии халқҳои кишвар ва ғамхориҳои пайваставу шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон суҳбат кард. Мавсуф изҳор дошт, ки тоҷикистониён мардуми хушиқболтарини дунё ҳастанд, зеро фарзонафарзанде доранд бо номи Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонист Тоҷикистонро аз накбати ҷанг берун карда, ба як кишвари ободу 38204260_509768512811421_2278560659689963520_nосуда ва пешрафтаву зебо табдил диҳад. — Ҳар яки моро зарур аст, ҳатто вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандию инсонист, ки ба қадри ин ҳама ободиҳо, ғамхориҳо ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва нагузорем, ки касеву чизе ба амнияту ваҳдат ва рушди босуботи Тоҷикистон таҳдид намояд, — таъкид кард Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни вохӯрӣ бо сарбозон. Шоири хушбаёни тоҷик Ҳасан Гулов низ ҳамчун намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба зарурат ва аҳамияти бузурги хизмати модар – ватан сухан гуфта, иброз дошт, ки ҷавонмардони сарбланди Мастчоҳ номбардори диёр, миллат ва ватани маҳбуб буданду ҳастанд ва хоҳанд монд. Қироати шеърҳои втандӯстона аз ҷониби устод ба сарбозон рӯҳияи махсус эҳдо кард. Тибқи иттилои комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ майор Аҳмадалӣ Ниёзов ин шабу рӯз беш аз 40 нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар қисмҳои ҳарбии фақат шаҳри Душанбе сарбаландона хизмат менамоянд. Комиссари ҳарбии ноҳия зимни суҳбат бо хабарнигори “Нигоҳи халқ” гуфт: — Теъдоди онҳое, ки довталабона барои хизмат намудан дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ариза менависанд, нисбати солҳои пешин афзудааст. Ин аз як тараф агар натиҷаи фаъолияти пурсамари мақомоти дахлдор бошад, аз тарафи дигар самари чунин иқдомоти наҷиб ба мисли “Аёдати сарбоз” аст, ки ҳар сол баргузор мешавад. Ба як қатор китобхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ нусхаҳои шумораҳои охирини нашрияи «Нигоҳи халқ» тақдим гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>