АКСИЯИ «Об барои рушди устувор, 2018-2018»

ЗАФАРОБОД. Санаи 4-уми августи соли равон тибқи нақшаи чорабинии  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки ҷавононифаъоли ноҳия аксияи умуминоҳиявии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор гардид, ки он дар бозори «Бадахшон»-и ноҳияи Зафаробод ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, ба шаҳрвандон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд. Дар ин чорабинии мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба мардуми ноҳия фаҳмонида дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалӣ ин боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хохад шуд. Сарвари давлат дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри ин нуқта таъкид карданд, ки «Мо татбиқи пайгаронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва даҳсолаиоянда низ мҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳад дод». Аксияи мазкур тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафарободро фаро хоҳад гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>