Ситоди «Обуна-2019»

КОНИБОДОМ. Дар толори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ситоди обуна баргузор гардид. Дар ин ситод оид ба масъалаҳои муташаккилона  гузаронидани маъракаи «Обуна-2019» ба нашрияҳои рӯзномаҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» масъалагузорӣ карда шуд. Ситоди шаҳриро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А оғоз намуда, аъзоёни ситодро  бо фармоиши кумитаи иҷроия ва вазифагузориҳо, меъёри муқаррарнамудаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр  шинос намуд.  Бобоҷонзода А таъкид намуд, ки маъракаи  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ  фаъолияти ҳамасолаи кумитаи иҷроия маҳсуб ёфта, дар ин самт кумитаи иҷроия, аъзоёни ситод ва гурӯҳҳои корӣ  таҷрибаи кофӣ доранд. Раиси ситод Бобоҷонзода А аъзоёни ситодро вазифадор намуд, ки корҳои тарғиботиро оиди обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ пурзӯр намуда, сафи хонандагонро зиёд намоянд ва бо ин васила баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои барномаи ҲХДТ саҳмгузор бошанд.  Ҳамзамон иштирокдорони ситоди шаҳрӣ ухдадор гардиданд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани вазифагузориҳои ситоди имрӯза   чора-тадбирҳои иловагӣ андешида, барои дар мӯҳлати муайянгардида иҷро намудани нақшаи «Обуна-2019» кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>