Изҳороти кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистони № 13 шаҳри Бӯстон оид ба маҳкум намудани ҳамлаҳои разилона ба сайёҳони хориҷӣ

desktopwallpapers.org.ua_11822

Хабари нохуш, ки 29 июли соли 2018 афроди ношинос бо нақлиёти сабукрав дар минтақаи Себистон дар рӯбарӯи деҳаи Ёхсӯи ноҳияи Данғара дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб гурӯҳи сайёҳони хориҷии велосипедсаворонро пахш кардаанд, боиси андуҳи гарони мо гардид. Дар натиҷаи ин ҳамлаи ноҷавонмардона 4-сайёҳ ба ҳалокат расида 3-нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар ронанда ва се ҳамроҳонаш дар деҳаи Торбулоки Ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд. Минбаъд ин ҳамлаи зоҳиран террористӣ дастикам 7-сайёҳ куштаву захмӣ шудаанд ва барои боздошти ҳамлагарон нақша ба роҳ андохтанд. Ахиран, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани 2-нафар ба боздошти 4-узви гурӯҳи муттаҳам дар марги 4-сайёҳи хориҷи дар ноҳияи Данғара хабар дода буд. Се шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми пахш кардани гардишгарон ва куштори онҳо дар пайгард элъом шудаанд. Ин хабари нохуш ки боиси марги сайёҳони хориҷи гашта дар тамом гӯшаву канори ҷаҳон бо тезӣ овоза гашт. Ҳангоми гузаронидани  чорабиниҳои аперативӣ-ҷустуҷӯ нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқ дошта тамғаи «Леганзе » рақами давлатиаш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович соли таваллудаш 11.01.1997 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44 тааллуқ дорад дарёфт гардид. Осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳад, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад. Барои дастгир намудани ҷинояткор ва 3-нафаре, ки бо ӯ ҳамроҳи доштаанд ҳамаи чораҳои зарурӣ аз ҷониби бригадаи тафтишотӣ андешида шуда истодаанд. Дар минтақаҳои наздик ба ин мавзеъ Сарбанд, Бохтар, Вахш, Панҷ чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ идома дорад. Ман ҳамчун мудири муассиса ва кулли кормандони кӯдакистон рафтори нохалафонаи ингуна шахсонро муҳокима карда қайд кардани ҳастем, ки нисбати чунин шахсони хиёнаткор нафтари зиёд дорем. Ингуна шахсонро хоинони Ватан мегӯянд ва барои нашъу намои Ватани азизамон халал мерасонанд.

Саиднегматова Ш.,

мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони № 13

шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>