Модарон ба хоинон нафрат доранд!

SKU223644(1)

АНДЕША. Ҳодисае, ки рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара рух дод маро ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, як модари тоҷик ба ташвиш овард.Сайёҳони хориҷие, ки барои сайёҳат ба манотиқи куҳии Тоҷикистон омада буданд, аз чор давлат — ИМА, Ҳолланд, Швесария ва Фаронса буда, нисфирӯзии 29 июл пушти ҳам аз роҳи Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара – қитъае аз шоҳроҳи Душанбе – Бадахшон ҳаракат мекарданд, дучори ҳамлаи автомобилӣ шуданд. Баъд аз ин сайёҳон боз зери лату куб қарор дода шуданд. Дар натиҷа, ду нафар сайёҳи амрикоӣ, як нафар сайёҳи швейсарӣ ва як нафар сайёҳи ҳолландӣ кушта шуда, се нафари дигар маҷруҳ шуданд. Ин рафтору кирдори шахсони қотил ба фарҳанги миллати меҳмоннавози тоҷик муносиб нест. Ин корро танҳо инсони бе Ватан, бе модар кардан метавонад. Паси ин рафтори номатлуб душманони халқи тоҷик, ки рушду нумуи Тоҷикистони азизро, ободию осудагии халқи тоҷикро  таҳаммул надоранд,  меистанд. Зеро, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки ин боз як қадами устувор барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, роҳбарияти давлат дар фикри ҷалби сармоя ва кӯмакҳои бештари хориҷӣ, бахусус дар бахши туризм мебошад. Тоҷикистон бахши сайёҳиро як имконияти дигари ҷалби сармояҳо қарор додаст, то ки бо ин васила мамлакатро боз ҳам ободу зебо гардонад. Ободиву осудагиҳои кишварамон хоинони ватанро, душманони ватанамонро ором намегузорад ва онҳо ҳар роҳу усул мехоҳанд, ки обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон кам кунанд. Мо омӯзгорон ин гуна кирдорҳоро маҳкум мекунем. Дар айни замон андешидани чораҳо доир ба пешгирии ин кирдорҳо, ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати миллиамонро, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

                Холмуродова З.С., 

директори гимназияи №1, шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>