Хоинон ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид

02072018

АНДЕША. Мо аҳли ҷомеаи омӯзгории гимназияи №2 рафтори ношоистаю ҷоҳилонаи нафарони гумроҳро, ки боиси ба ҳалокат расидани чор нафар сайёҳони хориҷӣ гардидааст маҳкум менамоем. Ин нафарони дилсиёҳ бо ин рафтори худ нуфузи миллати тоҷикро паст кардан хостанд ва маҳз чунин рафтори разилонаро ба саёҳони хориҷӣ раво диданд. Яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқие мебошад, ки бо рафторҳои номатлуб рӯи кор меояд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву маҳзабӣ сурат мегирад аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мегардад. Аз ин рӯ ҳодисае, ки дар ноҳияи Данғара рух дод аз дастаи террористон, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом манша мегирад, ки баҳри дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паст задани нуфузи Тоҷикистон мегардад. Боиси зикр аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида аз тарафи халқ хуш пазируфта шуда буд. Дар ин сол барои рушди сайёҳӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистони сарсабз чораҷӯиҳои зиёде рӯи кор омад,   душманони миллат бо ин рафтори ваҳшиёнаи худ, ки ба сайёҳони хориҷӣ раво  диданд  хостанд  барои рушди сайёҳӣ  дар Тоҷикистон монеа эҷод намоянд. Ҳодисаҳои рӯйдодаистиодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубабон ҳамеша омода бошем ва сайъ намоем, ки дар арсаи байналмиллалӣ нуфузи Тоҷикистони азиз бланд гардад.

   Зубайдуллозода И.,

директори гимназияи №2, шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>