Ислом ба зоти худ надорад айбе…

ХУДЖАНД

АНДЕША. Имрӯзҳо проблемаҳои ҷаҳони муосир ин афзоиши хатари терроризми байналхалқӣ мебошад, ки бо ишораҳои бофтаву сохтаи исломӣ пардапӯш шудааст. Дар асл дини Ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта баръакс таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин қувваҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини Ислом сӯистифода мекунанд. Афсӯс, ки баъзе ҷавонони мо (умуман вазъи касодии маънавии баъзе афроди ҷомеа) ҳанӯз ҳам аз ҳақиқати дини Ислом бехабаранд, аз таълимотҳои манфиатовари ӯ дур афтодаанд ва ҳатто ба моҳияташ сарфаҳм нарафта, баъзан ба унвони ин дини муқаддас санги маломат мезананд. Ҳақ ба ҷониби шоир, ки гуфта буд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Баъзе ба ном «Сарварони Ислом» барои қонеъ гардонидани ғаразҳои худ ва аз паст будани шуури сиёсии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба роҳи фоҷиавӣ кашида истодаанд. Яке аз чунин «Сарварони Ислом» раиси Ҳизби наҳзати Ислом (фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ элон шудааст) Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ мебошад, ки вазифаи асосии дини исломро нафаҳмида ва сохти иҷтимоии ҷамъиятро дуруст дарк накарда, демократияи ҳаёти ҷумҳуриамонро бо сохти тоталитарии исломи иваз кардани шуданд. Аз расонаҳои ахбори омма бархурдор мешавем, ки таҳлили фаъолияти беш аз бистсолаи ҳизби мазкур ҳар як шахси солимфикрро ба хулоса меорад, ки пайравони ин ҳизб аз ҳалли муаммоҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа чашм пӯшида, қобилияти ақлӣ ва зеҳниашон танҳо ба ҳимояи ришу ҳиҷоб равона кардаанд. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» танҳо дар панҷ соли охир 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаву адовати динӣ, ки барои нооромии вазъи сиёсӣ мусоидат менамоянд. Масалан, воқеаҳои нангине, ки дар ибтидои моҳи сентябри соли 2015 дар кишвар вобаста ба ташкили сӯйқасд ва табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ сурат гирифта боиси ташвиши ҳамватанон гардиданд, ва рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид, бори дигар исбот намуданд, ки бадхоҳони миллат ҳанӯз ҳам кӯшиш доранд, ки бо дасти гумоштагони зархарид ва бо таҳмил намудани низоми барои мардуми мо бегона вазъиятро ноором созанд. Вале дар урфият мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасанд». Хушбахтона, ҷаҳду талош ва тадбирҳои оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки бадхоҳон оромию осудагӣ ва зиндагии рӯ ба нишоти мардумро халалдор созанд. Душманони нотавонбини миллат ва давлати тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ барои худ паноҳгоҳ ҷустаанд, аз дастовардҳои азим ва беназири даврони истиқлолият ба ваҳму ҳарос ва таҳлука афтода, имрӯз бо ҳаргуна василаву услуб ва макру ҳилла ба чашми ҳақиқат хок пошиданӣ мешаванд. Ин бадхоҳони бадбахту беватану бенангу номус чунин пешравиҳоро дида натавониста, обрӯю эътибори кишварро дар байни давлатҳо паст заданӣ мешаванд. Вале мо ҷавонони кишвар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, баҳри пойдории Истиқлолият, сулҳу Ваҳдат, ободию шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст, саъю талош менамоем ва доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои кишвар нигаронида шудааст, муборизаи беамон мебарем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем.

Худоёров  Р.

  Мутахассиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Ҷаббор Расулов           

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>