Соати сиёсӣ

АШТ. Аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «Кони намак» кирдори ваҳшиёна, ҳодисаи ваҳшиёна кушта шудани сайёҳони хориҷӣ, ки аз ҷониби якчанд нафар душманони миллат, ки оромию сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон халалдор сохтанд, маҳкум намуданд. Ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоӣ Равзалиев З. аз ҷумла баён дошт, ки ин амали мудҳишро аҳли кормандон сахт маҳкум менамоем, зеро ин ғаразҳои нопоки номардон ҳаргиз наметавонад дӯстии байни халқҳо ва сулҳу оромиро дар Ватани азизамон халалдор созад. Дар ҳақиқат ин ҳодиса амали тарҳрезишудаи душманони миллати тоҷик буда, ҳанӯз аз лаҳзаҳои содир шудани он ба тамоми мардуми кишвар маълум гардид, ки дар паси ин нобасомониҳо неруи аҳримание нуҳуфтааст. Дар чорабинии мазкур раиси шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ашт М.Мадаминова низ ширкат варзида, оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон, ҷавондухтарон ва занон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки мо собиқадорон, алалхусус занон бояд дар маҳаллҳо корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро пурзур намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>