Расонидани ёрии методӣ ба Ташкилоти ибтидоии «Шафқат»

ГУЛИСТОН. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба ташкилоти ибтидоии «Шафқат» мудири шуъбаи кор бо зани Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А. бо шахси мутассадӣ ҳамсуҳбат шуд. Дар кори таҳия намудани  нақшаи корӣ, протоколҳои маҷлис, китоби бақайдгирии воридоту содирот, китоби муроҷиати шаҳрвандон, рӯйхати аъзоёни ҳизб, ҳисоботу гузоришҳо аз рӯи нақшаи корӣ, нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣ, дигар ҳуҷҷатҳо аз рӯи зарурат ёрии методӣ расонида шуд. Мудири шуъбаи кор бо занон қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ бояд  дорои утоқи алоҳидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, гӯшаи ҲХДТ, гӯшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» бошад. Бо Раиси ташкилоти ибтидоӣ   оид  ба беҳбудии  ҳуҷҷатгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб, Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Низомнома оид ба тартиби ба қайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи корӣ,  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд. Кор дар ин самт давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>