Бар зидди ВНМО ҳама бояд мубориза барем

ПАНҶАКЕНТ. КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баҳри пешгирии ВНМО дар шаҳру деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия ва мутахассиси соҳа пайваста мулоқоту вохуриҳо доир намуда истодааст.  Дар мулоқотҳо оид ба сабабҳои паҳншавии ин беморӣ, оқибат ва роҳҳои пешгирии он сухан меравад. Чунин мулоқотҳо то имрӯз дар Ҷамоатҳои деҳоти Фароб, Мощиён, Шинг, Косатарош, Рӯдакӣ ва Ворӯ доир гардиданд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҶТ, ки 18 январи соли 2018 баргузор шуда буд, таъкид карданд: “Пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳама қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд”.  Дар самти пешгирии ин сироят, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, мусоидати тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла, соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф, бахши ҷавонон, бахши занон ва оила, бахши меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ, мақомоти қудратӣ, ВАО, ҷамоатҳо ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хеле зарур аст. Дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, беҳтар кардани илму дониши кӯдакону наврасон, тарѓиби зиндагии солим ва шоистаи ҷавонон ва дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб саҳми ҳар як сохтору мақомот муҳим арзёбӣ мегардад.  Аз ин рӯ, ҳар фардро зарур аст, нисбати кору рафтори худ дар назди оила, наздикон ва ҷомеа ӯҳдадор ва масъул бошад, зеро тамоми мушкилоти зиндагӣ, хоса, проблеммаҳои саломатӣ аз рафтори ҳар нафар вобастаанд. Маврид ба таъкид аст, ки аз солимии мо тансиҳатии аҳли оила, наздикон ва дар маҷмуъ тамоми ҷомеа вобаста аст. Чуноне ки Сарвари давлат дар суханронияшон ҳамеша таъкид менамоянд: “Оилаи солим пойдевори ҷомеаи солим мебошад”.  Сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби замон буда, таъсири манфии он на танҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои ҷаҳон ҳисороти зиёде ба бор овардааст. Таҳлилҳо собит кардаанд, ки дар соли 2014 шумораи ҳодисаҳои нави ин сироят дар муқоиса бо солҳои пешин коҳиш ёфта, паҳншавии ин эпидемияи марговар дар ҷаҳон тамоил ба пастравӣ кард, ки яке аз дастовардҳои ҷаҳонӣ дар мубориза зидди ин маризӣ аст. Дар ин замина сол аз сол сатҳи фавти сироятёфтагони ВНМО низ поин рафта, нисбати соли 2004, ки шумораи аз ҳама зиёди фавт дар ҷаҳон 2 млн нафар ба қайд гирифта шуда буд, ба 42% кам шуд. Дар 5 соли охир шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ки ба табобат дастрасӣ доранд, 2 бор афзудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо баҳри ба пуррагӣ аз байн бурдани эпидемияи ВНМО дар ҷаҳон то соли 2030 замина гузошт. Мутаассифона, шумораи сироятёфтагони ВНМО дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ рӯ ба афзоиш аст. Ҳолати эпидемиологии ВНМО дар кишвари мо ҳам аз ҷониби мутахассисони соҳа ва ҳам аз мушовирони байналмилалӣ ҳамчун ҳолати «эпидемияи ҷамъшаванда, яъне марҳилаи консентратсионӣ» арзёбӣ шуда, паҳншавии он бештар дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба чашм мерасад. Тадқиқотҳои солҳои охир дар ҷаҳон нишон медиҳанд, ки аз 100 нафар нашъаманди тазриқӣ 13 нафараш ва аз 100 тан занони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ 4 нафараш дар вуҷуди худ ин сироятро дошта, хавфи ба оила, фарзандон ва шарикони ҷинсии онҳо гузаштани он хеле зиёд аст. Мутахассисон бар онанд, ки ҳарчанд солҳои охир сатҳи паҳншавии ВНМО миёни намояндагони ин гурӯҳҳо кам шуда бошад ҳам ҳолатҳои сироятнок кардани оила, фарзандон ва шарикони ҷинсии онҳо кам нестанд.  Бинобар он вазифаи мо фаъолони ҳизб ҳам мебошад, ки дар байни аҳолӣ корбарӣ намуда, пеши роҳи паҳншавии ин бемориро гирем ва тарзи ҳаёти солимро ба роҳ монем.

                                   Некрӯз Кенҷаев,

                                    аъзои ҲХДТ, шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>