Терроризм ва эктремизм – ояндасӯзи инсон

АШТ. Рӯзи гузашта мувофиқи нақшаи  шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо ҷавонони фаъол мулоқот дар мавзӯи “Терроризм ва эктремизм – ояндасӯзи инсон” баргузор гардид.  Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. ҳангоми мулоқот бо ҷавонон оиди ин мавзӯъ сухан кард ва қайд кард, ки ҷавонон – ин гурӯҳи иҷтимоию демографӣ мебошад, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ – равонӣ вобастагӣ дорад. Имрӯз аҳли ҷомеаи ҷаҳонро ифродгароӣ, терроризм, эктремизм аз ҷумла он ҳодисаҳои нохуш мебошад, ки барои фазои тинҷу осуда, амнияти миллӣ ва инчунин давлатдории хар мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад. Холо гурӯҳҳои террористӣ барои дар амал татбиқ кардани щаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд, ки мақсади ин гурӯҳҳо дахолат кардан ба сиёсати давлатдорӣ мебошад. Имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – тоҷикистониён дар фаъзои тинҷу осуда зиндагӣ карда истодаем, ки ин щамхории падар нисбати фарзанд аст.Мулоқоти мазкур аз таъсирбахшу сиёсӣ баргузор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>