Таҷлили рузи варзишгарон

1 (4)

КОНИБОДОМ. Ҳамасола санаи 10 август дар кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи варзишгарон бо шукуҳи хоса ва басо хотирмон таҷлил карда мешавад. Санаи 8 август дар варзишгоҳи шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи варзишгарон вохӯрии ду насл  баргузор гардид. Дар он муовини якуми раиси шаҳр Ёдгорӣ Ф, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бобоҷонзода А.Т, раиси собиқадорони шаҳр Раҳимов С  иштирок намуда варзишгаронро бо Рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, руҳбаландиву нерӯмандӣ, бурдбориву пирӯзӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди варзиширо таманно намуданд. Дар рафти ин чорабинӣ ба мураббиён, варзишгарон ва собиқадорони соҳаи варзиш Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд. Дар фарҷоми чорабини сарвари мактаби варзиши Саидов З бовар кунонид, ки варзишгарони сарбаланди шаҳри Конибодом  минбаъд низ,  тавассути кӯшишу талошҳои арзанда шуҳрати варзиши шаҳрро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он афзуда,  баҳри ҳимояи шаъну шарафи он пайваста мубориза хоҳед бурд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>