Иштироки беш аз 3000 нафар дар Рӯзи машғулият бо варзиш

ХУҶАНД. Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди варзиш тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин сиёсат дар шаҳри бостонии Хуҷанд амалан татбиқ ва роҳандозӣ шуда истодааст. Воқеан ҳам тарғибу ташвиқи мақсадноки варзиш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба сатҳи даркорӣ ва муҳим расонида шуда, сокинони касбу кор ва синну соли гуногуни ин шаҳри куҳан бо он шуғли бештар ёфта, тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд. Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳамаи иншооти варзишии шаҳр машқи пагоҳирӯзӣ, бозиҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ин иқдом аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ низ истиқболи гарм пайдо намуд. Ин ташаббус ва чорабинии фарогири саломатӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон амалӣ карда шуд ва дар ҳафтаҳои минбаъда низ масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани он муваззаф гардиданд. Бояд қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи муҳими иқтисодиро низ касб намуда, мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо ва дар маҷмӯъ, суботи ҷомеа беҳтар мегардад. Шоистаи таҳсин аст, ки баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр сохтмону эҳёи толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ вусъат гирифта, то ин ҷониб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкорон даҳҳо майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Иштироки варзишгарон дар бозиҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо дар мусобиқаҳо обрӯву эътибори кишварро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро афзун менамояд. Имрӯз ҷавонони мо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, парчами Тоҷикистонро баланд бардошта истодаанд, ки ин боиси ифтихор аст. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 280 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маром идома дорад.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>