Терроризм ва экстрамизм вабои аср !

grafo-historica-300x199

АНДЕША. Ман ҳамчун як тан ҷавони ноҳия амали террористии як гуруҳ ҷаванонро, ки нисбати сайёҳони хориҷи дар мавзеи Себистони  ноҳияи Данғара ба амал оварданд, маҳкум месозам.  Мо, насли ҷавони имрӯз Тоҷикистониазизамонро бе ному пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур карда наметавонем. Зеро аз насли калонсол ва аз таърих корнамоиҳои фарзонафарзанд бароямон хуб маълум мебошад. Мутаассифона, новобаста аз ҳамин қадар кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ва халқи заҳматкаши тоҷик, баъзе нафарон танҷиву осоиштагиро ба эътибор нагирифта, мехоҳанд байни мардум тафриқаандозӣ намоянд. Сад афсӯс, ки байни онҳо ҳамсолон, ҳаммиллатони мо низ ҳастанд. Он ҷавононе, ки имрӯз даст ба амалҳои террористӣ зада, шаъну шарафи миллати тоҷикро паст задан   мехоҳанд, аз миллату нажоди мо нестанд! Онҳо кӯрнамаконанд! Терроризм-экстремизм ҳамчун вабои аср тамоми сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳони пайдо кардааст. Мо ҷавонон, ки ҳар замон аз ғамхориву дастгириҳои давлату хукумат бархӯрдор ҳастем, намегузорем то душманони миллат ба тинҷиву осоиштагии кишвар донаи низоъро партоянд.

Азизаи  Ҳамзаали

Муовини роҳбари намояндагии

ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар

  ноҳияи    Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>