Решаҳои ноаён аён шуд

Ruchka

АНДЕША. Шоми 18 июни соли равон тариқи телевизиони Тоҷикистон наворҳо аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶУмҳурии Тоҷикистон бо номи «Решаҳои ноаён» оид ба «қаҳрамониҳо»-и яке аз ватанфурӯшону хоинони миллати тоҷик Саид Қиёмиддини Ғозӣ таҳия гардидаро тамошо намудам Пас аз дидани ин наворҳо , кас дар ҳайрат монда нисбати хоинон бештар нафрат пайдо менамояд, ки чи тавр чунин афроди ватанфурӯши бедиёнат аз рӯйи ҷаҳолату ҳирси пулу молу вазифа ба чунин амалҳои зишт нисбати миллату давлати худ даст мезананд. онҳо дар аввал зери ниқоби дини мубини ислом мардуми гумроҳро ба майдон бароварда сипас ҳамчун сипар ва бозича барои манфиатҳои худ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар истифода бурдаанд  аз рӯйи баромади ин хоини ватанфурӯш маълум гардид ки чӣ тавр онҳо аз ҳисоби гурезаҳои иҷбори маблағҳои ҳангуфт ба даст оварда онро дар муборизаи барои манфиатҳои шахсии худ сарф мекардаанд ва мазҳаби худро фурӯхта ба мазҳаби ба мо бегона дохил шуда миёни мардум низову иғво меандохтаанд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар навори видеоӣ дар маҷмӯъ дар бораи ҳадафҳои таъсиси ҳизби наҳзат, созиши сулҳ, ҷанг дар Тоҷикистон пули Эрону таблиғи шиагароӣ ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 суханрони намуда боз шарм надошта даст ба сина мезад ки иштирокчи бевоситаи ин разилиҳо худи уст. Вай аз ҷумла гуфт, ки бояд то соли 2015 ҳизби наҳзати ислом ҳизби ҳоким шавад. Ӯ ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломро “хиёнаткор зараровар” номид ва гуфт “бояд ин ҳарфҳоро дигарон ҳам донанд”. Саид Қиёмиддини Ғозӣ афзуд, ки эрон мехоҳад ҲНИ-ро дубора зинда кунад ва хоинҳои ҲНИ талош доштанд як табаддулотро дар интихоботи соли 2020 роҳандози кунанд. Аз ҷумла нақшаи табаддулоти давлатии онҳо ки ҳанӯз соли 2006 кашида шуда буд сентябри соли 2015 бо сардории генерали хоин ҳоҷи Ҳалим Назарзода намуданд, вали тири ин хоинони миллат ба ҳадаф нарасид. Чунки миллати тоҷик ин хоинону ватанфурӯшонро дастгирӣ накарданд. Худи Муҳиддин Кабирӣ пеш аз саршавии ин амалҳои зишт ба назди хоҷагони хориҷиаш гурехта рафт. Боз дар яке аз баромадҳои худ дар хориҷи кишвар Муҳиддин Кабирӣ мардуми Тоҷикистонро ба шуҷоат даъват кардааст. Шахси беватану тарсую буздил чӣ гуна метавонад мардумро ба шуҷоат даъват намояд ин хандаовару шармандагист. Дар шабакаҳои интернети хешовандони Қиёмиддин Ғозӣ ин хоинро мусичаи бегуноҳ пиндошта хоҳиш намуданд, ки барои хизматҳои шоистааш гуноҳи ӯро бахшанд. Савол ба миён меояд, ки барои кадом хизматҳои шоиста; миллатфурӯши ва рехтани хуни ҳазорон тоҷикону тоҷикистониён … оё онҳо фикр накарданд, ки писару шавҳари онҳо ҳазорон модаронро бефарзанд, занонро бешавҳар ва тифлонро бепадар намудааст. Маҳз “хизматҳо” –и ин хоин буд, ки хайрхоҳӣ ба бадбинӣ шавқат ба бераҳмӣ, раҳмдилӣ ба сангдилӣ табдил ёфта ҷомеаи моро зери хатар гузошта таҳқир, зӯроварӣ, нафрат, даст ба гиребони  якдигар задани бародар бо бародар, ҳамсоя ба ҳамсоя, миллат ба миллати худ оварда расонд. Хушбахтона бо дарки масъулияти тарафайни даргир дар ин ихтилоф ва эҳсоси ногузири нигоҳдории якпорчагии марзӣ ва ваҳдатӣ миллӣ дар кишвар созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида марҳилаи тозаи бунёди ҳаёти осоишта ва дар амнияти воқеӣ қарор доданӣ ҷомеа фароҳам омад. Ин ҳама тинҷиву осоиштагӣ ободиву пешравӣ, шукуфоии кишвар маҳз аз хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд ва мо, тоҷикон, дигар намегузорем, ки душманони давлату миллатамон ин тинҷиву оромиро халалдор намоянд.

Омӯзгорони МТМУ №45 Панчакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>