Ба ифротиёни модаркуш нафрат мехонем

7a2faf6682afe4e140f7674dbb5q--suveniry-i-podarki-imennoj-nabor-kozhanyj-ezhednevnik-i-ruchk

АНДЕША. Рости он нафрате, ки нисбати ваҳшониятҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифродгаро ва ба ном «Давлати исломӣ» дорем, бо калимаҳо ифода кардан бароямон хело мушкил аст. Ислом динест моломоли адолату садоқат, поку муҷалло, динест солиму ҳаким, раҳиму раҳнамо. Ҳамчунин вазифаи мо мусулмонон аз он иборат аст, ки аз як сӯ, барои раҳоии инсонҳо аз даҳшати терроризм паҳлу ба паҳлу мубориза барем ва аз сӯи дигар, дини мубини исломро аз ин доғи сиёҳ ҳифз намоем. Дар ваҳшонияти гӯруҳҳои ифротӣ танҳо инсон зарар мебинад. Аҳолии осоиштае, ки дар амалиётҳои террористии Афғонистон, Сурия Лубнон, Фаронса, ИМА ва дигар кишварҳои олам аз дасти ҳамин террористон ба қатл расиданд, пеш аз ҳама инсон буданд. «Давлати исломӣ» ва роҳбарони онҳо номи мубораки дини исломро доғдор менамоянд. Сад афсӯс, ки бархе аз ҷавонони хирасару кӯрдилӣ тоҷик низ ба доми ин гӯруҳ афтодаву Тоҷикистонро ба бадномӣ мекашанд. Ин кӯрдилон то ҷое бе фаҳманд, ки дар муқаддасгоҳҳои мусулмонон Ироқу Шом, ки қадамҷои асосгузорони бунёдгузорони исломанду зиёда аз 1400 сол аст дар ин сарзамин садои азон хомуш нашудааст, виҳод эълон намудаву бо нидои «Аллоҳу Акбар» хуни ноҳақи ҳазорон мусулмонони бегуноҳро мерезанд. Худованд дар Қуръони маҷид фармудааст, ки инсонеро бе гуноҳ куштан тамоми башарро куштан аст. Имрӯзҳо аз расонаҳои хабарӣ воқеаҳои мудҳиштаринеро нишон медиҳанд, ки таърихи инсоният ин гуна ваҳшониятро надидаву нашунида буд. Террористи манқуртшудае бо нидои «Аллоҳу Акбар» сари модари хешро аз тан ҷудо намудааст, ки боиси лаънату надомати мардумони дунё, аз ҷумла модарон гашт. Мо ҳамчун модар ба ин кӯрдилону хирасарони аз кӯчаи ислом нагузашта нафрат мехонем!!! Ин курдилон ки бо номи Аллоҳи таоло сари модаронро мегиранд, намедонанд, ки Аллоҳи таоло биҳиштро, ки орзӯи тамоми мусулмонони дунё аст, зери пои модарон гуфтааст, аммо ин бадбахтони «зархарид» ферефтаи пулу моли ҳаром шуда номи худовандро ба забон гирифта, хуни модари хешро мерезанд.     Мо мехоҳем дар мулки мо ҳамон мусулмонони азалӣ — софию покӣ, некию накукорӣ боқи бимонад. Ҳамон мусулмононе, ки ори аз фаҳмишҳои ифротиву ҷоҳу сарватпарастӣ, ҳамон мусулмоние, ки дар он на қатли ом ҳасту на ҷабри бечораву на зулм ба нотавону на ғасби моли мулки ғайр. Ба лаънат хонданҳо сафи террористон кам намешавад. Беҳтараш чи дар оила, чи дар муассисаҳои таълимӣ дар куҷое набошад, бо ҷавононе, ки бе коранду аз бекориву бесаводӣ ба ҳар гуна роҳҳо мераванд, алоқадри фаҳмишу донишамон бо онҳо ҳамсӯҳбат шуда маслиҳатҳои муфид ваё роҳҳои дурусти зиндагиро омӯзем. Худованд тавлиди наслро ба модар ато кардааст ва ӯ вазифадор аст, ки инсон — инсони комилу доно тарбия намояд, хирадро бояд шиносад, накӯи кунад. Накӯи дониш аст. Фарзандон бояд хирадманд ба воя бирасанд, шарму ҳаё шиорашон бошад. Онҳо бояд донанд, ки хулқи бад душмани баддарин асту ростӣ инсонро ба ҳақиқат мебарад. Аммо баъзан мушоҳида мешавад, ки на ҳама волидайн вазифаи аслии хеш — тарбияи фарзандро дуруст иҷро мекунанд, дар натиҷа фарзандони онҳо кӯчагард, дурӯғгӯву фиребгар мешаванд. Муддатҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ будани падарон — сарварони оила низ боиси аз тарбия дур мондани фарзандон мегардад. Агар падарон аз ҳолу авҳоли фарзандони худ бохабар набошанд, маълум, ки «Ба зери мурғи курк тухми мор» гузоштанду рафтанд. Чунки аз сорҳибмаърифатии волидон чи гуна ба воя расидани афроди ҷомеа сахт вобаста аст. Вале мақому меҳнат ва меҳрубонии омӯзгор таъсири дигар дорад. Муаллим метавонад умеду завқу шавқу рости ва донишу илмро дар дилу мағз ва зеҳну замири шогирдон бикорад. Ӯ бо баёни ширин огоҳи ва ҳушёри медиҳад, бурдбориву бедори меомӯзонаду шогирдонро ба худшиноси раҳнамун месозад.

Д. Самехова устоди ДОТ ш. Панчакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>