ТЭТ ҲНИ ҲАМОНО АЗ РОҲИ ТЕРРОР КОРА МЕГИРАД

Безимени-2

АНДЕША. Пас аз нашри видеонамоиши «Манқурт» ва хондани мақолаи Самиев Холмаҳмад таҳти унвони «ТЭТ ҲНИ ҲАМОНО АЗ РОҲИ ТЕРРОР КОРА МЕГИРАД» хотироти ман ба амали террористии чанд сол пеш  санаи сеюми сентябр дар шаҳри Хуҷанд рухдода рафт. Дар ин амали ваҳшиёна ҷавонони истаравшанӣ даст доштанд, ки гӯиё барои қасос ин корро карданд. Бо ҳамин хотирҷамъ гардида шукронаи тинҷиву аммонии кишварамро мекардам. Чун медидам, ки дар гӯшаву ақсои олам ҳодисаи даҳшатбори худро дар бозору масҷид тарконидани одамонро медидаму ангушти ҳайрат мегазидам, ки то куҷо насли одамӣ бераҳму золим ва кундзеҳн шудааст, ки дидаву дониста ҷони худрову дигаронро ба ҳақ месупорад. Чун хондаму иттилоъ ёфтам гурӯҳҳои зиёде бо номи исломӣ миёни омма, хосса ҷавонон ташвиқоти зиддиинсонгароёна мебаранд. Гӯиё исломи пок бояд дар хилофат ва тибқи амрҳои он зиндагӣ кунад. Ҳодисаи даҳшатбори куштори сайёҳон санаи 29 июл дар ноҳияи Данғара дар қатори дигарон маро низ ошуфтахотир намуд. Зеро миллати фарҳангпаноҳи маро чун минтақаи амалкарди террористӣ васоити ахбори омма муаррифӣ намуданд. Аслан решаи ин ҳодиса аз куҷост ман пас мутоилаи маводи Холмаҳмад Самиев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарёфтам. Пушти ин ҳодисаи нангин Абу усомаи Норакӣ яке аз парвардагони мактаби террористии ҲНИ меистад.  Ӯ ки Назаров Тоҷиддин ном дорад,   ҳанӯз айми ҷавонӣ чун узви фаъоли  ҲНИ бо тавсияи Манонов Шералӣ ба Русия рафта, дар ҷалби ҷавонон ба сафи ҲНИ кӯшишҳо кардааст. Чун қудрати ҲНИ то боре кам гардид, ҷавононро ба ДИИШ даъват мекардагӣ шуд. Ӯ шаҳри Хоши Ҷумҳурии Исломии Эронро макони зиндагии худ қарор дода, аз ин мактаби терористии Эрон сабақҳои террористӣ гирифтааст. Ва вазифаи ӯ бар ивази маблағҳои ҳангуфти хоҷагони Эронӣ ва Кабирӣ ташкил намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Чӣ бояд кард, ки ҷавонони мо ба чунин роҳ нараванд. Тарбияро аз оила бояд шуруъ кард. Ин мисраҳоро навишта хотироти даврони ҷавониам пеши назарам омад. Раҳмати модари меҳрубонам мегуфтанд, ки «Вақте, ки ба падарат дар муошират мешавӣ, чашматро ба замин нигоҳ карда гапзанон кун», ки ин эҳтиром нисбат ба падар аст. Боз таъкид мекарданд, ки дар «вақти суханронӣ бо падарат калимаҳои дағалонаро истифода набар!». Ин суханҳо як ҷаҳон маънии калон дорад, ки дар амал ҷорӣ кардан ин гуфтор барои баодоб шудани фарзанд саҳми арзандаро мегузорад. Дар ҷавониам, раҳматӣ падари бузургворам моро ба инсондӯстиву хоксорӣ ва меҳнатдӯстию гирифтани савоб аз хизмати калонсолон тарбия мекарданд. Он кас мегуфтанд, ки «Вақте, ки калонсолон ягон бор мебардоранд ва дар роҳравӣ азият мекашанд, ба онҳо дасти ёри дароз намо, яъне даррав рафта бори онҳоро то ҷои лозимӣ бурда деҳ ё зери дасташон қаппида то хонаашон бурда мон». Ин сухану маслиҳатомезӣ калонсолон, албатта ҷоизи қайд аст ва имруз ин хел маслиҳатҳо бояд ҳамчун қоида дар майнаи ҷавонон ҷой гирад.

Абдушукур Назаров,

доктори илмҳои иқтисод,профессор,

устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДПДТТ,

шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>