Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия аз иҷрои нақшаи обуна муҷда доданд

ҶАББОР РАСУЛОВ. Тамоми ҳадаф, ғоя ва мақсадҳои барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нашрияҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» таҷассуми худро меёбад. Ин нашрияҳо имрӯз ба минбари ҳақиқии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табдил ёфта, дар роҳандозии сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири худро гузошта истодааст. Нашрияҳое, ки айни ҳол талабгори зиёд миёни мардум доранд, «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» мебошанд. Дар ин рӯзномаҳои ҳизбӣ, ки маъмулан тамоми хабару навгониҳои тару тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он дарҷ мегарданд.Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бо мақсади зиёд намудани шумораи хонандагони нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар байни мардум вусъат дода истодаанд. Маракаи қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» торафт афзуда истодааст. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Мададгор», «Дармонбахш», муассисаи таълимии томактабии №8 ба номи «Ғунча», мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26 ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №36 аввалин шуда нақшаи обунаро барои соли 2019 иҷро намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>