Лаънат ба ТТЭ ҲНИ

ИСФАРА. Сокинони деҳаи баландкӯҳи  Ворух иғвои навбатии Ташкилоти терорристӣ экстремистии ҳизби мамнӯъ гаштаи наҳзати исломиро, ки боиси марги сайёҳони бегуноҳ гардид, қотеъона маҳкум карда ба разилоне, ки тақдир ва ҳаёташонро бо ин ҳизби лаъину хунхор паёвастанд, ҳазорҳо  лаънату нафрин хонданд. Иштирокдорони ин ҳамоишро раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев бо Изҳороти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба куштори сайёҳони хориҷӣ шинос намуда, иброз кард, ки фоҷеаи роҳ ифлоскории навбатии ТТЭ ҲНИ буда, ин хоинони Ватан мехоҳанд, ки симои кишвари азизамонро дар назди хориҷиён коста гардонанд. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси наҷиби хеш сол 2018 – ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”эълон карда, таваҷҷӯҳи хориҷиёнро ба ин кишвари афсонавӣ ҷалб карданд. Вале ин зархаридони хориҷӣ бо содир кардани куштори хунин мехоҳанд  амнияти Тоҷикистонро  халалдор кунанд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов бо шукргузорӣ ба хиради азалии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бунёди давлати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи хеле кӯтоҳ ба нодиртарин дастовардҳо ноил гардида, дар арсаи олам мақом ва манзалати хоса пайдо кард.Бунёди давлати миллии тоҷикон ба чашми душманони миллат ба хусус ба ТТЭ ҲНИ мисли хори сари девор таҳдид мекунад. Беш аз 3,5 миллиард сокинони сайёра дар симои ҳизби мамнӯъгаштаи ифротии  наҳзати исломӣ душманони қаттоли натанҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Миёнаро дарк карданд. Вале якчанд давлатҳои барои ноил шудан ба ғаразҳои сиёсӣ ва молиявии худ, ин хиёнаткорони миллатро дастгирӣ карда, ба онҳо пушту паноҳ мешаванд. Алорағми ин ҳама хоҷагон мардуми сарбаланди Тоҷикистон чеҳраи манфури ТТЭ ҲНИ – ро ба хубӣ дарк карданд ва нафрат ба он доранд. Кабирӣ ва пайравони беимону фитнагари ӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба Пешвои муаззами миллат бӯҳтону тӯҳмат мезананд. Кабирии бевиҷдон ҳатто бемории набераи хурдсолашро ба ғаразҳои сиёсии хеш истифода мебарад. Мақсадҳои нопоки Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ ҳамеша ба шикаст рӯ ба рӯ аст ӯ ҳеҷ гоҳ ба муродаш нахоҳад расид. Нолову фиғони онҳоро ба ҷузъ хоҷагонашон каси дигаре гӯш намедиҳад. Иғвои навбатӣ, куштори сайёҳони бегуноҳ ба решаи ТТЭ ҲНИ теша зад ва он дигар сабз нахоҳад шуд. Ба андешаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдураҳмон Шораҳматов мақсаду мароми ҳамоиши мардуми Ворух пеш аз ҳама зиркаии мардумро бедор намудан ва бетараф набудан ба қисмати давлату Ватани хеш аст. Хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ ба касе пӯшида нест. Маҳз ҳамин хунхорон Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, падарро аз писар, модарро аз духтар, додарро аз бародар, ҷудо карданӣ шуданд.Ба ҳамин деҳаи дурдасти мо ҳам тухми кинаву адоват кишт карданд. Як гурӯҳи ҷавонони бефарҳангу кӯрсавод узвияти ҳизбро пазируфта дар интихоботҳо ба ҳайси номзад ба вакилӣ пешниҳод гашта маракаҳои сиёсии деҳаро хеле ғуборолуд карданд. Имрӯз ба ҳоли нотавонбинҳо бингаред: чанде аз онҳо дар паси панҷара ва чанде аз онҳо гуреза ва беватан. Нобакорони дайду бо сарварии Кабирӣ пешравию ободии Тоҷикистонро намехоҳанд, тафаккури тангу тори онҳо як ваҷаб пешро дида наметавонад. Аз хиёнаткорони Ватан ҳамарӯза бояд бипарҳезем. Ҷавонони бо нангу номуси деҳаро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, ба соҳибистиқлолии кишвар ба воя расонем. Мардуми деҳаи Ворух, ки аз ташрифи дирӯзаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯҳу илҳоми тоза гирифта буданд, бо шукргузорӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  ободии кӯчаву манзили хеш ва бо дасовезҳои арзанда истиқбол гирифтани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 27-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаву реҷаҳои созанда пешниҳод карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>