Ҳизбиёни Конибодом ва Гулистон дар Панҷакент

ПАНҶАКЕНТ. Чун анъана ҳайати бонуфузи ҳизбиён аз КИ ҲХДТ дар шаҳрҳои Конибодом ва Гулистон ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд. Ҳайати меҳмононро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ба ҳузур пазируфта ба шаҳри бостонии Панҷакент хайра мақдам гуфт. Дар толори кумитаи иҷроия  меҳмонон бо фаъолияти кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ошно ва оид ба таърих ва пешрафту тараққиёти шаҳр маълумот гирифта  бо ҳам табодули таҷрибаи корӣ намуданд. Дар баробари ин  гурӯҳи меҳмонон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакент аз ҷумла, аз мавзеҳои Панҷакенти қадим Саразми бостонӣ, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ум 5500- солагии он ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад, дидан намуданд. Дар идомаи сафар меҳмонон дар шаҳри Панҷакент аз осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи устод А. Рӯдакӣ, Кохи фарҳанг, зодгоҳи А. Рӯдакӣ деҳаи Панҷрӯд ва зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ деҳаи Мазор ва дигар мавзеҳои зебоманзараи Панҷакент дидан менамоянд  ва инчунин баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар варзишгоҳи шаҳр байни дастаҳои ин шаҳру ноҳияҳо дар назар аст

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>