Қурбони терроризм ҷавононанд

desktopwallpapers.org.ua_11822

АНДЕША. Терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гунонугуни ҷаҳон доман густурдааст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу  тобишҳои гуногун зоҳирмесозад. Сурату як мароми доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё мисли Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд, ки ин нерӯи харобкори сиёсӣ торафт дар кураи арз доман паҳн менамояд. Дар асоси маълумоти коршиносон дар ҷаҳон беш аз 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки бештари онҳо дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) таъсис ёфтаанд. Дар кишварҳои мусулмонии Сурия ва Ироқ ташкилотҳои террористии пинҳонкор амал амал мекунад, ки ба қатли бераҳмонаи оммавӣ даст зада истодаанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дидану таҳаммул кардан номумкин аст. Имрӯзҳо тариқи расонаҳои хабарӣ мефаҳмем, ки террористон кӯдаконро ба гурӯҳҳои худ шомил сохта ба онҳо истифодаи силоҳ, куштану сӯзонидани одамон ва тарконидани биноҳоро меомӯзонанд. Ин амалҳо барои вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавии онҳо мебошад. Аз ин рӯ, қурбони терроризм асосан ҷавонон буда, ноогохӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ боис мешавад, ки террористон онҳоро барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ҳушёр бошанд.

                                   С. Нарзӣ,

Мудири кафедраи Забон ва адабиёти

точики колечи омӯзгории ш. Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>