ҲНИ шохае аз дарахти хушкидаистодаи терроризму экстремизм аст

grafo-historica-300x199

АНДЕША. Тавре маълум аст ДОИШ рӯирост эълон кардааст, ки «хилофати исломӣ» месозад ва чунин қонунҳои ҷоҳилии асримиёнагиро ҷорӣ мекунад. Аммо ҲНИ корашро бо фиребу дурӯягӣ пеш мебарад. Он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад. Сабаби чунин дурӯягии наҳзатиён дар чист? Сабаб дар ин аст, ки роҳбарони ҲНИ кайҳо аз мазҳаби ҳанафии тоҷикон рӯй гардонда, мазҳаби шиаро қабул кардаанд. Дар он мазҳаб бошад тақия кардан ё пинҳон кардани мақсади асосӣ як кори оддӣ аст. Мувофиқи мазҳаби шиа, ки наҳзатиҳо онро қабул кардаанд, дурӯғ гуфтан гуноҳ ҳисоб намешавад. Ҳамин хел, агар ДОИШ як гурӯҳи ифротгарои террористӣ бошад, варианти тоҷикистонии он – ҲНИ, гурӯҳи ифротгарои террористии мунофиқ аст. Яъне дар ин масъала аз ДОИШ ҳам хатарноктар мебошад. Аммо бузургии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, магазину бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд. Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарвари худ генерал Ҳ.Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Албатта ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурӯҳ дигар ислоҳ намешавад. Аз ҳамин сабаб, Суди Олӣ маҷбур шуд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунад. Ҳамин тавр, ДОИШ ва ҲНИдар асл як ташкилот буда, тарроҳону спонсорҳояшон ва хоҷагонашон як аст. Мақсад, идеология ва тарзи корашон ҳам як чиз аст. Инро дар назар гирифта, дигар фарқе надорад, ки мо «ДОИШ» гӯем, «Ал-қоида» гӯем, «Толибон» гӯем, «Боку Ҳаром» гӯем ё «ҲНИ» гӯем. Номҳо гуногунанд, аммо фаъолият ва моҳият як чиз аст. Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро дар назар гирифта, моҳҳои охир ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИ-ро ҳам дар қатори «Алқоида»-ю «Толибон»-у «ДОИШ» ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ карданд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он кишварҳои Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд. Политсияи байналмилалӣ ё Интерпол бошад, номи роҳбарони гурезаи ҲНИ-ро дар садри рӯйхати ҷинояткорони байналхалқӣ ва террористони хатарноки ҷаҳонӣ ҷой дода, ҳукми боздошти онҳоро дар тамоми олам додааст. Ин қарори қатъии ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои бонуфузи ҷаҳон бори дигар моҳияти экстремистӣ ва террористии ҲНИ-ро исбот карда, бори дигар ҳамон ДОИШ будани ҲНИ-онро нишон медиҳад. ДОИШ дар Тоҷикистон.

                                                                       Бобоева Лола омӯзгори забони англисии     

                                                                колечи омӯзгории ш. Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>