Мусобиқаи футбол байни ҳизбиёни шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва Гулистон

IMG_20180810_100920

ПАНҶАКЕНТ. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 10-уми август дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон бо тантана  ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи фархундаро ба кули варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш табрику таҳният гуфта барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно дорем. Робита ба ин бо иштироки меҳмонон байни дастаҳои ҳизбиёни Конибодом ва Гулистон, ки таи ду руз дар шаҳри Панҷакент қарор доштанд, мусобиқаи футболи дустона баргузор гардид. Дар натиҷаи бозӣ, ки дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ баргузор гардид, дастаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон сазовори ҷои аввал, дастаи ҳизбиёни Панҷакент ҷои дуюм ва дастаи ҳизбиёни Конибодом сазовори ҷои сеюм гардиданд. Дар фурсати ҷамъбастии мусобиқа раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ҳозиринро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, иброз дошт, ки варзиш ин саломатӣ, рӯҳи солим ва дӯстӣ аст. Барои ташкили чунин чорабинии варзишӣ ба ҳизбиёни Панҷакент раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Холматова Хуршеда изҳори сипос намуданд. Бо мақсади қадршинос ва ҳавасмандгардонӣ, тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарини шаҳрҳои Гулистон, Панҷакент ва Конибодом супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>