Пешсафи маъраакаи обуна

page_1_thumb_large

МАСТЧОҲ Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Мастчоҳ нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҲХДТ — «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Нигоҳи халқ»-ро дар миёни дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ аввалин шуда пурра иҷро кард. Барои соли 2018 нақшаи обуна ба корхонаи мазкур 5 нусха «Минбари халқ», 10 нусха «Сухани халқ» ва 20 нусха «Нигоҳи халқ» муқаррар шудааст. Дар соли 2017 ин корхона ба 100 нусха «Нигоҳи халқ» обуна шуда буд. Дар корхонаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҲХДТ — «Манзил» амал мекунад, ки беш аз 20 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид кардааст. Ташкилоти ибтидоии «Манзил» дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ иштироки фаъолона дорад.   Кормандони мо бо дарки амиқи мавқеи сиёсии худ аз ғояҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ ҷонибдорӣ менамоянд ва баҳри татбиқи талаботи Оинномаву Барномаи ин ҳизби созанда софдидона фаъолият доранд. Иҷрои дастуру супориш ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи асосии ҳар яки мост, -гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Нигоҳи халқ» Умедҷон Зокиров, директори КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Мастчоҳ. Лозим ба ёдоварист, ки барои фаъолияти пурсамар ва саҳм гузоштан дар татбиқи ғояҳои ҲХДТ Умедҷон Зокиров директори корхонаи мазкур ва раиси ТИ «Манзил» охири соли гузашта бо медали ҷашнии «20-солагии ҲХДТ» сарфароз гардонида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>