Баррасии вазъи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ

38799353_519130638541875_3789572601584549888_n

МАСТЧОҲ Дар ҷаласаи кории назди раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки имрӯз баргузор гардид, баррасии вазъи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мавзӯи асосӣ буд. Нахуст гузориши муҳосиби кумиҷроия Табаррук Мӯсоев доир ба сатҳи иҷроинақшаи обуна шунида шуд. Маълум гардид, ки КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», ТҶ «Мададгори мудофиа», бахши фарҳанги ноҳия, кумитаи идораи замин ва шуъбаи маориф пешсафи ин маъракаи муҳими сиёсӣ буда, мутассифона дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ то ҳанӯз масъулияти ҳизбии худро иҷро накардаанд. Д. Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни таҳлили вазъи обуна изҳор дошт, ки бо мусоидату дастгирии раиси ноҳия, узви кумиҷроияиҳои ноҳиявию вилоятии ҲХДТ Ғайрат Азиззода нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Нигоҳи халқ» ба тасвиб расидааст. Ҳар корманди кумиҷроия ва фаъолони ҳизбро зарур аст, ки аз рӯи нақшаи мазкур иҷрои меъёри обунаро бо сари баланду рӯи сурх таъмин кунанд, — таъкид кард Дилшод Зокиров раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ. Дар охири ҷаласа мудирони бахшҳои кумиҷроия барои ҷоннок намудани корбарӣ дар самти иҷрои меъёри обуна вазифадор гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>