Боздид аз дидбонгоҳҳои наздисарҳадии ноҳияи Ишкошим

1533910830_5b6d9f2e43aa7

КОНИБОДОМ. Раиси шаҳри Конибодом, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ғайбулло Боҳирӣ зимни сафари худ ба вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ дидан намуд. Дар идомаи сафар ба ноҳияи Ишқошим, ки дар масофаи 1300 км аз шаҳри Конибодом ҷойгир аст, аз дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ боздид кард. Шаҳрдор бо ҷавонписароне, ки дар ин қисми ҳарбӣ адои хизмати Ватан менамоянд, суҳбат ороста, аз аҳволашон пурсон шуд. Бо 6 нафар ҷавонписарони Конибодомие, ки сарбаландона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, маҳз дар ин дидбонгоҳ мавқеъ гирифтаанд, аз наздик ошноӣ пайдо кард. Маълум гашт, ки дар ин қисми сарҳадӣ алҳол 6 нафар ҷавонмардони мо хизмати Модар –Ватанро иҷро менамояд. Зикри ному насаби ин ҷавонмардон боиси ифтихори мо ҳамшаҳриён аст:

  1. Муҳриддин  аз деҳаи «Ниёзбек»-и ҷ/д Э.Шарифов
  2. Зарифҷон Ахмедов аз деҳаи «Кӯшкак»-и ҷ/д ба номи Р.Ҳамробоев

3. Далерҷон Ҳодиев аъзои ҲХДТ аз  ҷ/д Лоҳутӣ

4. Олимҷон Эсанбоев аз деҳаи «Маҳрам»-и ҷ/д Э.Шарифов

5. Олимҷон Бегматов аз деҳаи «Деҳқонобод»-и ҷ/д Патар

6. Ҷаҳонгир Тӯхтасунов аз ҷ/д ба номи Ғ.Ортиқов

Аз шумори ин ҷавонписарони шуҷоъ 1 нафар дар дидбонгоҳ  ва 5 нафари дигар дар қисми сарҳадӣ ифои хизмати ҳарбӣ доранд. Раиси шаҳр,аъзои раёсати КИШ ҲХДТ аз шароити хизмати ҷавонон дидан карда, ба сарбозону афсарон хизмати содиқонаву сарбаландона таманно кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>