Шаҳрванд Турсунбибӣ Одибоева бо харҷи 40 000 сомонӣ пули мошингузар бунёд кард

pl-asht

АШТ. 8 августи соли ҷорӣ дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо иштироки роҳбарияти ноҳия пули нави мошингузар ба истифода дода шуд. Сокинони ноҳияи Ашт бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати пойдор дар иҷрои корҳои ободониву созандагӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Турсунбибӣ Одибоева яке аз чунин шахсони фаъоли ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо маблағҳои аз ҳисоби нафақа ҷамъовардааш барои бунёди пули мошингузар саҳмгузорӣ намуд. Ин зани ватандӯст барои бунёди пули мошингузаре, ки 13 метр дарозӣ ва 5 метр паҳноӣ дорад, беш аз 40 000 сомонӣ маблағ сарф намудааст. Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар маросими ифтитоҳи пули мазкур ба Турсунбибӣ Одибоева Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим намуда, барои саҳмгузориаш дар ободонии маҳал ба ин бонуи нуронӣ изҳори сипос намуд.. Мавриди зикр аст, ки ин пули мошингузар маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мепайвандад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>