Хоинони миллат ба мақсад намерасанд!

SKU223644(1)

АНДЕША. Тоҷикистон бо дили пур ва бо орзӯи огоҳи пайдо намудан аз таърих ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сарзамини бостониамон қадам мениҳад. Аммо сад афсус, ки чунин пешравиро хоинони миллат дида натавониста, обрӯю эътибори моро дар байни давлатҳо паст заданӣ мешаванд.  Алалхусус, воқеаи даҳшатовари ҳалокати сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рӯх дода тамоми мардуми тоҷикистониёнро андӯҳгин сохт.   Сарвари давлати мо барои пеш рафтани соҳаи сайёҳӣ дастуру супоришҳо доданд.То сатҳи зиндагии мардуми  мо боз ҳам беҳтар гардад. Аммо аз тарафи бархе нохалафону бадхоҳони миллат чунин рафтори бераҳмона сар зад ва сайёҳони хориҷиро аз ҳаёт маҳрум сохтанд.  Чунин амали ваҳшиёнаю беадолатона ба сулҳу суботи оромии кишвари меҳмондӯсти мардуми тоҷик халал ворид карда наметавонад. Зеро, ки мо ба ояндаи неку сулҳу оромии кишварамон боварии комил дорем. Мо тоҷикистониён аз азал воқеанҳам мардуми меҳмоннавоз ҳастем. Ва мегӯем, ки «Меҳмон атои Худо аст », ва пазируфтани меҳмонро қарзи худ медонем.  Чуноне, ки шоир мегӯяд.

Ризқи мо бо пои меҳмон мерасад аз пои ғайб,

Мизбони мост, ҳар кас мешавад меҳмони мо.

  Аз ин рӯ мо ҷавононро месазад, ки ҳисси ватандӯстӣ, фарҳанги меҳмоннавозӣ ва одобу расми инсонгароии тоҷиконаро ҷорӣ созем.Ва дар байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳи ва сӯҳбатҳои тарбиявию судмандро бештар ба роҳ монем. Ин фоҷиа барои давлати Тоҷикистон  дар ҳолате, ки Сарвари давлатамон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон карда буданд, хеле аламовар аст. Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин амали хиёнаткоронаи  зархаридони хориҷӣ лаънат мехонам. Ин амали нохалафонаро, ки ба чунин ҷинояти нанговар даст заданд, танҳо ба хотири вайрон кардани ороми ва сулҳу суботи кишварамон меҳисобам. Худ медонем, ки давлати мо Истиқлолиятро ба осонӣ ба даст наовардааст. Мо мардуми тоҷик бо хуни дил ба Истиқлолият муваффақ гардидаем. Тӯли чандин солҳост, ки мо тоҷикон дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем.Бо талошҳои Пешвои миллат мо тоҷикону Тоҷикистониёнро ҷаҳониён ҳамчун давлати офтобрӯя ва биҳиштосо, халқашро меҳмоннавозу сулҳҷӯ шинохта буданд. Ин рафтори нохалафон дили мо тоҷиконро реш-реш мегардонад. Мо бояд сокинони кишвар ҳушёрии худро аз даст надода, ба овозаҳо ва буҳтонҳои беасос дода нашавем. Сулҳу субот ва оромии кишварамонро, ки ба осонӣ ба даст наовардаем, чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>