Табибон қадршиносӣ шуданд

МАСТЧОҲ. Ҳамасола дар Тоҷикистон 18-уми август ҳамчун Рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ бо тантана таҷлил мешавад. Ба муносибати Рӯзи касбии табибон дар беморхонаи марказии ноҳия чорабинии идона баргузор шуд, ки дар он Дилшод Зокиров раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, Мирзошариф Шарифов мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Саидшоҳ Акрамзода олим ва собиқадори соҳа иштироку суханронӣ карданд. Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ зимни табрикоти кормандони соҳа аз меҳнату заҳамоти шабонарӯзии эшон ёдовар шуд ва саломатии миллатро ба хизматҳои софдилонаву содиқонаи табибон вобаста донист. Дар охири чорабинии тантанавӣ ба як гуруҳ фаъолони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи ноҳиявӣ тақдим гардид. Соҳаи тандурустии ноҳия яке аз соҳаҳои пешсаф ва дар самти татбиқи ғояҳои ҲХДТ намуна аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>