Таҷлил Рӯзи табибон дар беморхонаи бачагона

ХУҶАНД. 17 август дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд» маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб баргузор гардид, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов ширкат варзида, кормандони беморхонаро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд ва ба 3 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб сипомномаи Кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим кард. Қайд гардид, ки воқеан шифокорон шахсони хеле хушбахте ҳастанд, зеро онҳо бар замми хилъати сафед пӯшидан, соҳиби қалби пок низ ҳастанд. Дил ба даст овардан ин ҳунар аст ва соҳиби ин ҳунар низ табибон мебошанд. Сухани хуш, муомилаи нек ва дастони сеҳрноки шифокор қадами аввали табобат аст. Инчунин, дар охири чорабинӣ аз ҷониби сартабиби беморхона ба 28 нафар кормандон ифтихорнома ва тухфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>