Таҷлили Рӯзи табибон дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии шаҳри Панҷакент

ПАНҶАКЕНТ: Шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола дар Тҷикистон рӯзи 18-уми август зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ, «Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистони раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод, ҳамаи табибонро бо иди касбиашон табрик намуда, дар бораи нақши табибон дар ҷомеа сухан гуфт. Зикр гардид, ки Ҳукумти кишвар ба соҳаи тиб тавваҷӯҳи зиёд дошта дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳтурии Тоҷикистон дар кишвар садҳо муассисаҳои тиббӣ ба истифода дода  шуданд. Дар вазъияти тантанавӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод беҳтарин кормандони соҳаи тибро бо мукофотҳои хотирави ва сипосномаҳо қадрдони намуд.  Инчунин кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба иди касбии соҳаи тиб, кормандони  ташкилотҳои ибтидоии Маркази саломатии минтақавии Ғӯсар, Маркази саломатии минтақавии шаҳраки Суғдиёнро бо иди касбиашон табрик намуда ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳоро аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тақдим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>