Ҷамъомади тантанавӣ

IMG_3367

ГУЛИСТОН. Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, бахшида ба «Рӯзи табибон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода иштирок намуда, аз номи ҳизбиён коркунони соҳаи тандурустиро бо «Рӯзи тандурустӣ» шодбош намуданд. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад, яке аз фаъолони ҳизб аз Ташкилоти ибтидоии «Шафқат» Комилов Комилҷонро бо медали ҷашнии 20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз намуд. Фаъолони соҳаи тандурустӣ бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд. Аз қатори занон ва ҷавононии фаъоли соҳаи тиб, 5 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуда, шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд. Рӯзи табибон дар шаҳри Гулистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>