Бақои давлат

ИСФАРА. Сокинони деҳоти Кулканд ба хотири гиромидошти ҷашни 27 –умин солгардии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлисгоҳи деҳа ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар роҳи начандон тулонии тайнамудаи давлати миллии тоҷиконро мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор доданд. Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён дар масоили “Истиқлолият бақои миллат” суханрони карда, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷиикистон дар тӯли 27 соли соҳибихтиёрии давлатӣ ба дастовардҳои беназири таърихи ноил гардид. Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун бақои давлат ба рушди сиёсиву иқтисоди, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ислоҳоти куллии сиёсиву ҳуқуқӣ имконияту шароитҳои зарурӣ фароҳам овард. Дар бахшҳои иқтисодӣ дастовардҳои назаррас руйи кор омада соҳаи иҷтимоии ба хусус, илму маориф ва тандурурстӣ ба марҳилаи сифат нав ворид гардиданд. Ба андешаи мувоини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов бузургартарин неъматӣ соҳибистиқлолӣ интихобиimage-0-02-03-2c0472e0baf927eaab8173a429d7e5524cfdceec96da40bee8e22fbc370bab5b-V роҳбари хирадманд аст. Бидуни сарвари оқилу тавоно, дурандешу адолатпарвар, бунёди низоми сиёсӣ ва шакли идораи давлат таъмини аминияти кишвар ва ҳифзи истиқлолият амри маҳол буд. Тоҷикистон бо заҳматҳои Пешвои муаззамаш ба давраи рушд ворид гардид. Алҳол Пешравиҳои замони соҳибистиқлолӣ ба чашми душманони миллати тоҷик чун хори сари девор таҳдид доранд. Намояндагони Ҳаркатҳои ифротӣ бо дастгирии хоинони миллат мехоҳанд ба оромиву ободии кишвар халал ворид намоянд. Аз ин рӯ зиркаву ҳушёрии сиёсии ҳаряк сокини кишвар баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ талаби давр аст. Раиси ҷамоати деҳоти Кулканд Абдумавлон Ҷӯраев боифтихор аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ зикр кард, ки ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 27-солагӣ ва омадагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳот бунёдкориву созандагӣ ривоҷ ёфта, сохтмони сехи мебелбарорӣ, маркази хизматраоснии маишӣ, майдончаи хурди футбол, сохтмони ошхона, синфҳои иловагии дар МТМУ №72, кошонаи ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ, мумфаршкунии кӯчаҳо, азнавсозии варзишгоҳи марказии деҳа оғоз гардиданд. Шеъру сурудҳо дар ситоиши Ватан, модар ва Истиқлолият хотири ҷамъомадагонро болида гардонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>