Саҳми собиқадорон дар маъракаи ниҳолшинонӣ

ЗАФАРОБОД. Собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод субҳи имрӯз дар майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ воқеъ дар маркази ноҳияи Зафаробод ва кӯчаи Байналмиллалии шаҳраки Зафаробод якчанд дарахтони ҳамешасабзи ороиширо шинонданд. Бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Ашӯров Раҷаббой Рӯзиевич ва Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳия Исмоилов Аминҷон ба маъракаи ниҳолшинонӣ, ки ҳама сола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида мешавад саҳми собиқадорони ҳизби ноҳияро гузоштанд. Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ба собиқадорони ҳизб ки фаъолона дар маъракаи ниҳолшинони иштирок намуда саҳми худро барои боз ҳам зебову хуррам гардонидани диёри азизамон гузоштанд изҳори сипос намуда хоҳиш намуд, ки минбаъд низ дар маъракаҳои сиёсиву фарҳанги фаъолона иштирок намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>