Амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» оғоз гардид

ИСТИҚЛОЛ. Бо ҷалби мақомоти марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ дар миқёси шаҳри Истиқлол амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» оғоз гардид, ки мақсад аз он — пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстремистӣ, оворагардӣ ва ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанг ва либоси бегона ва ғайра мебошад. Дар ин чорабиниҳои муфид, ҳамчунин доир ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ-террористӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии омилҳои номатлуб, ҷудошавии оилаҳо, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон корҳои фаҳмонидадеҳӣ бурда мешаванд. Ҳизбиёни шаҳр дар  сафи пеши кори тарғиботӣ  буда, бо сокинони тамоми маҳаллаҳои шаҳр мулоқот  ороста, якҷоя бо кормандони дигар аъзоёни гурӯҳҳои ташвиқотӣ аз ҳисоби кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ бо ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми шаҳр аз дохил шинос хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>