Ба нияти нопоки худ нарасиданд

АШТ. Рузи гузашта бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар ташкилоти ибтидоии КАТС-и ноҳия  бо  иштироки кормандони он филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” нишон дода шуд.  Филми мазкурро зиёда аз 20 нафар кормандон бо як таваҷҷуҳи баланд тамошо намуданд. Дар нақши асосии намоиши телевизионӣ шаҳрванд Сатторов Айёмиддин бо лақаби “Мавлавӣ Айёмиддин”, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон буда, дар саргаҳи таъсисёбии ташкилоти экстремистӣ – террористии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва дар ҷараёни мавҷудияти ин ташкилоти динии ифротӣ қарор дошта, яке аз фаъолони ин ҳизб ба ҳисоб мерафт, мебошад. Дар раванди он бо исботи далелҳои худ ва афсӯсхӯриҳо аз амалҳои пешина худ испод намуд, ки ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИТ беш аз 40 сол бо роҳбарии роҳбарони аввалу олии ин ҳизб дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон фаъолият карда, хостгори ба сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд, ҷомеи кишварро ба гирдоби  ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ба иқтисодиётӣ кишвар зарари калони ҷиддӣ расониданд, мардуми зиёд куштаву оилаҳо бесаробон монданд, оқибат ҷеҳраҳои аслии онҳоро кушоду равшан карда шуда, шикаст хӯрда, ба нияти нопоки худ нарасиданд. Дар интихо раиси ташкилоти ибтидоӣ Имомназаров Ш. бобати навори мазкур фикру акидахои хешро баен намуда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки корхои фахмондадихиро дар байни кормандон пурзур намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>