Терроризм проблемаи асосии ҷаҳони муосир

АНДЕША. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро раванди ифротгароӣ ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ аз ҷумлаи ҳодисаҳоест, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гуруҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизбуттаҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Алқоида», «Боко Ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан, барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Рӯҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардаҳои ин гуруҳҳои ифротгароӣ ва дигар гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд. Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, ки ин ҷанги хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад». Ба ҳамагон маълум аст, ки гуруҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Ҳодисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳо ба вуқуъ омадаанд, ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад. Амалиёти охире, ки террористон ба анҷом доданд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, ин қатли модар аз тарафи фарзанд буд. Ин амали аблаҳонаи гуруҳҳои террористонро мардуми Тоҷикистон дар қатори дигар халқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум намуданд. Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври восеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Чи хеле ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пайваст шудани як гуруҳ ҷавонони тоҷикро бо гуруҳи исломии Узбекистон намоиш доданд, дар он ҷо падари яке аз ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз рӯи замин нест созед, то ин ки ман ҳамчун падар пагоҳ дар назди миллату давлатам сархам ва ба ҷавобгарӣ кашида нашавам. Чуноне ки вақтҳои охир аз воситаҳои ахбори оммавӣ- сиёсӣ ва дигар ахбороти сохторҳои қудратӣ маълум гардид, дар ҷумҳурӣ 14 гуруҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби неруҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 ҳаракат, ҳизб ва гуруҳҳои  экстремистӣ — ифротӣ, тундгаро дар қаламравӣ кишвар манъ гардид. Бархе аз ҷавонон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи гуруҳи давлати Исломии Шому Ироқ меҷанганд, муайян гардида, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

                                                                                                        Хидирова Ш.,

                                                    омӯзгори фанҳои ҷомеашиноси

                                                    коллечи омӯзгории ш.Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>