«Бозгашт аз ҷаҳаннам» аёнгари хиёнатҳои ҲНИ аст.

SKU223644(1)

АНДЕША. Филмҳои мустанад таҳти унвони «Решаҳои ноаён» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки тариқи шабакаи телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, тамошои он сокинони кишвар бори дигар аз симои наҳзатиён ҳушдор сохт. Чихеле, ки ба ҳамагон маълумаст, ҲНИ дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби характери террористӣ-экстремистӣ дошта ҳисобида шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Роҳбарияти ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва шахсони фаъоли ин ҳизб чун дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда, барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои ғаразноки хеш ҳамроҳи хоҷагонашон роҳандозӣ доранд. Айёмиддин Сатторов дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» амалу нақшаҳо, хиёнату ҷинояткориҳои роҳбарияту аъзоёни ҳизбро, ки хоҷагонашон супориш медоданд ва маблағгузорӣ менамуданд фош сохт. Роҳбарияти ҲНИ нақшаи фаъолиятро дар хоричи кишвар таҳия намуда, баҳри амалӣ намудани он дар Тоҷикистон амалиётҳои зидди давлатиро тарғиб менамоянду ҷавононро ба роҳгумзадагӣ ҳидоят менамоянд. Мо ҷавонон ҷиноятҳои содир намудаи ин гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаронаи аъзои ТТЭ ҲНИ-ро фаромӯш нахоҳем кард. Мо насли ояндасози миллатро зарур аст, пеши роҳи насли террористону ифротгароёнро гирем. Нагузорем, ки онҳо фурсате барои амалҳои нангинашон пайдо кунанд. Зеро сулҳу истиқлолияти ба даст омада барои ҳар як шаҳрванди баору номус неъмати арзишмандтарин ба ҳисоб меравад.

Рухшона Ҷӯраева

ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>