Мулоқот бо аҳолӣ

ИСТИҚЛОЛ. Тибқи нақшаи тасдиқ гардидаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол дар маҳаллаҳои шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо  мулоқоту вохӯриҳо баргузор шуда истодаанд. Имрӯз дар маҳаллаи Табошари Кӯҳна  мулоқот бо фаъолон ва собиқадорони ҳизб барпо гардид, ки дар он раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Насруллоева Д.Қ. , фаъоли  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Исроилов Ш. ва директори МТМУ№4 Қосимов Ғ.  иштирок намуда, оид ба мӯҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гаштани Соли 2017  ҳамчун  соли Ҷавонон, даҳсолаи баёналмиллалии амалиёти  «Об барои рушди устувор» ва пешгирии ҳолатҳои хушунату зӯроварӣ дар оила  суханрониҳо шуд. Инчунин масъалаҳои иҷро ва риоя Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд » мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифта шуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри амалигардонии қонунҳои мазкур саҳмгузор бошанд.  Дар охири маҷлис фаъолони маҳалла  Эгамбердиев М. ва дигар собиқадорони ҳизб ба сухан баромада иброз намудан, ки чунин мулоқотҳо ва вохӯриҳо оиди масъалаҳои мубрами рӯз  хеле бамаврид ва воҷиб мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>